Суханӣ меравад ба сидқу савоб

Ҷони олами туе , ба ҷон дарёб

Ҷумлаи заррот рӯ бидон сӯйанд

Ки туе ҷумларо млозу моб

Бо ту касро баробарӣ нарасад

Ки туе марҷаъи савобу уқоб

Дилу ҷонро куҷо кунад равшан ?

Зоҳиди мурда , воъиз дар хоб

Саъй кун , саъй , то буруни оре

Киштии умри хеш аз ғарқоб

Қосимӣ , умр нозанин бигузашт

Ба шитобаст умри мо , башитоб