Ҷигаргар масту дилгар масту оҳ оташин дорам

Халосӣ набаст ҷонамро , ки ишқӣ дар камӣн дорам

Ба ҳақ рӯй чун моҳат , ба ҳақи зулфи дилхоҳат

Ки ман дар рӯзу шаби муштоқу рӯе бар замин дорам

Бирав , эй носеҳи раъно , макун дигари насиҳат ҳо

Ки ман аз давлати ишқаши тариқ мстбин дорам

Қадаҳҳои шароби лоязолӣ кам наме гардад

Серум бар остонасту қадаҳ дар остин дорам

Маро мафруш , эй саркаш , бибин дар ҳоли ман хуш

Ки ман аз оташи ишқи ту доғӣ бар ҷабин дорам

Бирав , воъиз , мадаи пандам , ки аз панди ту дар бандам

Ба ҷони тести савгандам , ки чашми роҳ байн дорам

Манол , эй қосими мискин , зи дарди ошиқии чандин

Ки ман аз ноз дар рақсам : ки ёр нозанин дорам