Аз ноираҳи шавқат дар дил шарарӣ дорам

Бо талъати хуршедати ишқ ва назарӣ дорам

Аз зулмати зулфи ту , бо шаъшааи рӯят

Аз роҳ барӣ бошам ,гар роҳбарӣ дорам

Дар сӯрати обу гул гар ҳаст маломатҳо

Дар хилвати ҷону дили зебо қамарӣ дорам

Ғам нест агар танро сад бор бисӯзоне

Дар баҳри муҳӣти ҷон вологуҳарӣ дорам

Зарроти ҳамаи олам ,гар хасм шавад бо ман

Аз хасм чаро тарсам ? ман ҳам ҷгарӣ дорам

Ишқаст марои чора , ман бедилу овора

Бечора нахоҳам шуд , чун чора барӣ дорам

Қосими ҳамаи ҷавҳарҳо аз кон ту оварадаст

эй дӯст , биҳамдиллоҳ , каз баҳр барӣ дорам