Мо дар ҳавои ишқи ту сармаст бода ем
Чун шамъ равшанем ва ба хизмат ситода ем
Аз мо мапӣч рӯй , ки ҳангоми субҳу шом
Бар хоки остони ту рӯе ниҳода ем
Дар раҳравони ишқ ба хорӣ назар макун
Мо хона зодаем ва азин хона зода ем
эй муддаӣ , ба суҳбати мо рӯбаҳӣ макун
Ҳам шер арсаем ва ҳам аз шер зода ем
Шанҳои булъаҷаби сифати мост дар ҷаҳон
Гуҳи мутлақи замонау гуҳ дар қаллода ем
эй хоҷаи латиф , ки ҳушёру оқилӣ
Аз мо адаби мҷўӣ , ки сармаст бода ем
Қосим , ба шавқи ёри дилу дайн ва сар бибоз
Чун хунбҳоии хеши ҳам аввал ситода ем