Мо ошиқу ринду покбозим

Дар қиблаи ишқ дар намозем

Дар сӯз бимонадаем чун авд

Дар чанг ғамем , то чаҳ созем ?

То заррае аз вуҷӯд боқӣаст

Дар бута ишқ ме гудозем

Моро саги кӯй хештан хонд

Шояд ки бад-ӣн шараф бинозем

Ҳарчанд ҳабиб ноз дорад

Мо мӯътакиф дар ниёзем

Риндему қиморбоз , аммо

Дар шшдри ишқ каж набозем

Бар ҷон чу арғунуни қосим

Сад парда роз ме навозем