Бо рӯй ту зи сабза ва гулзор фориғем
Бо чашми ту зи хона хумор фориғем
Ҷомӣ биор , соқӣ ва гардон кун аз карам
Каз ҷаври даври гунбад даввор фориғем
Моро ҳамин басаст ки андари тариқи ишқ
Бар ёр ошиқему з ағёр фориғем
эй ҷони ман , асир машав дар тариқи ғам
Рақсӣ бикун ки аз ғам ва ғмхўор фориғем
Мо дарди дӯстро бадв олам харида ем
Зонкор ҳар ду олам ва иқрор фориғем
Дар ҳақи мо агарчӣ бадӣ гуяд он рақиб
Иқрор мекунему з инкор фориғем
Бо қосимии бҳўдҷ асрор ме рӯем
Дар ишқ ӯ зи дарсу з такрор фориғем