Мо сӯзи ишқро ба ду олам наме диҳем
Ба як ҷуръае зи ҷом ба сад ҷам наме диҳем
Номаҳрамони зи суҳбат мо ғофиланд ва мо
Ин тӯҳфаро ба мардуми муҳаррам наме диҳем
Бо шавқи ёри хотир мо хуррамасту хуш
Мо сури ишқи ёр ба мотам наме диҳем
Афтодагон ишқ фақиранду сӯгвор
Ин ҷомро ба марди макрам наме диҳем
Ратлӣ ки кардаем муҳайё барои ёр
Он ратлро ба исои Марям наме диҳем
Зини ҷоми ҷони навоз , ки сад ҳавз кавсар аст
Як косаро ба каъбау замзам наме диҳем
Қосими зи нуктаҳои ту дорад миёни ҷон
Ин нуктаро ба шайхи муъаммам наме диҳем