Ба салоҳ омад аз авсофи худои зўолмн

Нафаси аммораи овораи бечораи ман

Дида каз нури яқини равшан ва софӣ гардад

Ғайри ҳақ ҳеҷ набинад , на ба сар , не ба ълн

Нафасии маст худо бошу буруни ой аз худ

То муяссар шавад ин ҷои дами тавҳид задан

Дилу ҷонро ба худои дилу ҷон бояд дод

То ба кӣ ҳамчуи занон бар дилу ҷон ларзидан ?

Ҳақ яқинасту хаёлоти ҷаҳони ҷумлаи гумон

Натавон нури яқинро ба гумони пӯшидан

Ҳарчӣ дар соғари мо рехт аз он нӯшедем

Агар аз бода софаст вагар аз дардии ?дан

Ҳар ки дар доираи ишқ ту омад ба ниёз

Воҷибаши гашт чу паргор ба сари гардидан

Бас маҳоласт дарин роҳи хатарнок , эй дил

Ишқ варзидан ва аз бими бало тарсидан

Солҳо қосими бечораи з ҳиҷрон бигирист

Навбат васл шуд ва то ба абад хандидан