Чандон ки гуфтам : хотир маранҷон

Ранҷид ва ранҷоанд он шоҳи хубон

Бо оҳи сардам , бо рӯй зардам

Сар дар биёбон , монанди борон

Ошуфтаи ҳолам , бепару болам

Пайвастаи нолам , мискини ғарибон !

Чандон ки гӯям , номаш чаҳ гӯям ?

Моҳи мунаввар , шамъи шабистон

Монанди рӯят вирдӣ надидам

Монанди қадати сарвии хиромон

Ҳамроҳи зоҳид чун нест мумкин

Бахши қаландари роҳи биёбон

Ҳаркаси бўсФии ин роҳи рафтанд

Қосим фано шуд дар ишқи ҷонон