Ёри ҳамон , дарди ҳамон , дили ҳамон
Ғуссаи ҳамон , қиссаи мушкили ҳамон
Нози ҳамон , ҳасану ҷалолати ҳамон
Шавқи ҳамон , гиряу ҳолати ҳамон
Ишваи ҳамон , шеваи ҳамон , хуи ҳамон
Ғамзаи ҳамон , наргиси ҷодӯи ҳамон
Ишқи ҳамон , зору нзории ҳамон
Чашми марои гиряу зории ҳамон
Сӯзи ҳамон , доғи ҷудои ҳамон
Масканату фақру гадои ҳамон
Дӯсти ҳамон , ҳасану малоҳати ҳамон
Бар дилу ҷони сӯзу ҷароҳати ҳамон
Ҳиҷри ҳамон , дарди маваддати ҳамон
Қосимӣу доғи муҳаббати ҳамон