Бсўдоити сиришти обу гули ман
Бадӣдори ту ҳал шуд мушкили ман
Ман аз оёти маҷдам , кас надонад
Чаҳ маънӣ хоҳад аз ман қойили ман ?
Аноятҳои беиллат мадад шуд
Басомон омад аҳволи дили ман
зи рӯяти пуртӯй бар ҷонам афтод
Бадӣдори ту ҳал шуд мушкили ман
Талаб кардам басӣ , то гашти равшан
БФизи ҳақи зи ашки соили ман
Пас аз ман дар ҳавоат , эй сару сероб
Гул сӯрӣ барояд аз гули ман
Баҳри ҷониб ки ҷӯии қосимӣ ро
Бкўии ишқи ёбии манзили ман