Аз лаъли ёр агар шукрӣ ёфтӣ бигӯ
Аз сари кор агар хабарӣ ёфтӣ бигӯ
Мо толибон пер Муғонем дар тариқ
Аз пери мо агар назарӣ ёфтӣ бигӯ
Дар роҳи бол ва пар диҳад он шаҳи ббндгон
Дар роҳи ишқи бол ва парӣ ёфтӣ бигӯ
Ишқаст кимиёии саодати дарин тариқ
Зон кимиё агар қадре ёфтӣ бигӯ
Дилҳо дар интизору рўонҳоомидўор
Дар боғи ҷон агар самарӣ ёфтӣ бигӯ
Бар остони аҳли дилон май рӯй мудом
Бар осмони дил қамарӣ ёфтӣ бигӯ
Қосим , шиноварии ту дарин баҳр бе карон
Аз қаъри баҳри ҷон гуҳарӣ ёфтӣ бигӯ