Дилам аз ғуссаи ҳиҷрон ту дорад дардӣ
Хастае , сӯхтае , ошиқи ғами прўрдӣ
Он чунонам зи фироқат ки миёни хӯнам
Ғӯри ин қисса надонад дил ҳар номардӣ
Ишқро хастаи дилӣ бояду ҷони маҳзун
Ишқ ворид нашавад бар дил ҳар бе дардӣ
Ошиқам , ошиқ ва пайдо натавонам гуфтан
Ки бар он хотир нозук биншинад гардӣ
Қисмӣ дорам , эй дӯст , бҷон , бовар кун
Ки : бибастон ҷаҳон чун ту надидам вирдӣ
Кист зоҳид ки дарин маҷлиси азу бояд гуфт ?
Ҳарки гармаст нагӯяд сухан аз дилсардӣ
Бишинав аз қосим , агар бо ту сухан ме гуяд
Сухани покдлӣ , ошиқи фардӣ , мардӣ