Замонии ёри шӯ ,гар ёр бошӣ

Агар бо мо набошӣ бо ки бошӣ ?

Диламро аз ту даврӣ нест мумкин

Ки ҷонро хоҷаеу хоҷаи тошӣ

Чу мардон бо маъоди хеши рафтанд

Ту сари пӯшида дар банди маошӣ

Хабар аз ваҳдати ҷонони надорӣ

Ки ҳар дами хотири нўмии харошӣ

Чу ҷомат медиҳад дилдор май нӯш

Ки куфраст андарин ҳолати тҳошӣ

Чу мардони сари худ пӯшида май дор

Магӯ аз қисса « лои ҳақу лои шайъ »

Баҳри ҳолат ки ҳастӣ , қосимӣ , шукр

Ки то дар роҳ ӯ мушрик набошӣ