Ҳилла ! эй ҷони гиромӣ , зи куҷое ва чаҳ номӣ ?
Мҳиии ҷону ҷаҳон , моҳии осори зломӣ
Номаи ишқ ту дидам , сифат ишқ шунидам
Дилу ҷонам ба фидои ту , зиҳии номаи номӣ !
Номаи ишқу маваддат , ҳамаи илму ҳамаи ҳикмат
Ҳамаи асрори ҳидоят , сухани ҳазрати сомӣ
Каси азин гӯна каромот надорад ба ду олам
Аҳли саҷдау тасбеҳ , ҳариф майу ҷомӣ
Дилу ҷони ҳамаи олам , зи ту вола , зи ту ҳайрон
Ба ҳамаи шеваи латифӣ , ба ҳамаи ҳасани тамомӣ
Ҳамаи олам ба ту ҳайрон шуда дар сӯрату маънӣ
Чаҳ шарифӣ ? чаҳ латифӣ ? чаҳ имомӣ ? чаҳ ҳамуммӣ ?
Ту магӯ тазкияи худ бар он воқифи сармад
Агар аз зумраи хосӣ , агар аз ҷинси авомӣ
Мунтазам кӣ шавад , эй дӯст , тариқи ту ? ки ҳаргиз
Дар раҳи мазҳабу миллат , на Низомӣ , на Низомӣ
Ба ҷамолати мутаҳайири ҳамаи дилҳо , ҳамаи ҷон ҳо
Қосимӣ кард фидои ту ҳамаи умри гиромӣ