Дидаам то бар рухи он гули изор афтода аст
Ашки сурхам бар рухи зарди ошкор афтода аст
Ҳар касеро ихтиёрӣ ҳаст дар олам , маро
Ишқ ӯ бар ҳар ду олами ихтиёр афтода аст
Масту ҳайрону харобам аз камоли ҳасани ёр
То ду чашми нргсинш дар хумор афтода аст
Гуфтамаш : умри азиз , охири харобам аз ғамат
зи оташи ишқи туами ҷон дар шарор афтода аст
Аз камоли кибриё маҳбӯб сӯем нанагирист
Гуфт : моро чун ту ҳар ҷои сад ҳазор афтода аст
Гуфтам : охири ҷуз парешоне надорам ҳеҷ кор
То маро бо зулфи мишкӣни ту кор афтода аст
Гуфт : қосим , бар сари хоки мазаллати пеши ман
Чун ту бисёре парешони рӯзгор афтода аст