Рӯй замини лаъл Бадахшон шудаст
Ҷуръаи мо қулзум ва Аммон шудаст
Зарра мо шуд ҳамагии офтоб
Ақли дарин воқеа ҳайрон шудаст
Кас нишнидаст ва надидаст ин
Мӯрчаеро ки сулаймон шудаст
Ҳаркии азин ҷуръаи чшди қатра Эй
Банда ӯ хусрав ва хоқон шудаст
Гар назарӣ ҳаст , бибин ҷони мо
Тани ҳамаи ҷон , ҷони ҳама ҷонон шудаст
Ҳасану вафо ҳар ду баҳам сохтанд
Кори ҷаҳони ҷумла басомон шудаст
Ҷону дили қосимӣ аз шавқи дӯст
Мағриби сар , машриқ ирфон шудаст