эй каъбаи арбоби вафои кӯии руфӯгар
Миҳроби дуои гӯшаи абрӯии руфӯгар
Чун қатраи шабнам ки нишинад ба рухи гул
Дидам арақи олӯдаи гул рӯй руфӯгар
Ин раҳзани сад қофила ё ҳола моҳ аст
ё срздаҳи хат аз рухи некӯии руфӯгар
Аз баҳри рФўкориаш афтодаи шабу рӯз
Сад пораи дил бар сари зонуии руфӯгар
Гар банди қабои ҷониби гулзори кушояд
Гулзор муаттар шавад аз буии руфӯгар
Беруни з кафам шуд дилу дайни охиру гаштам
Қассоби асири қади дилҷӯии руфӯгар