Чандон ки ҳамду саҷда буд дар намози фарз

Бошад миёни мо ва ту нозу ниёз , фарз

Машқ ҳақиқатаст тамошои сунъи дӯст

Бошад ба толибони ту ишқи муҷоз , фарз

Беранҷ , роҳатӣ натавон ёфт зини сафар

Дар роҳи кӯй туаст нишебу фароз , фарз

Шабҳо чунон ки сӯхтан ояд ба кори шамъ

Бошад ба аҳли базми ту сӯзу гудоз , фарз

Алфози шӯх , зинат рӯй маъонӣ аст

Бошад арӯси бикри суханро ҷҳоз , фарз

Қассоб мерӯем ба тўФи ҳарими дӯст

Бар мо шудааст рафтани роҳи ҳиҷоз , фарз