эй пой то ба сари ҳамаи узвати тамом , файз

Лаъли лабу забону даҳону калом , файз

Чашми ту соқӣ Эйаст ки дар базми ошиқон

Резад ба ҷоми бодаи гулгун ба ҷом , файз

Он нахли саркашии ту ки дар гулистони даҳр

Май резад аз қади ту ба вақти хиром , файз

Он дастаи гулӣ ки дар ин боғ ҳар нафас

Аз ориз ту мерасадам бар машом , файз

Чашмати тамоми фитнау абрӯи тамоми ноз

Мижгони тамоми ишвау лабҳо тамом , файз

Бе рӯй дӯст дар чамани хулди зоҳдо

Бар ту ҳалоли ъушрат ва бар мо ҳаром , файз

Қассоби васфи зулфу биногваш чун кунад

Бисёр дидааст аз ин субҳу шом , файз