Дида то чанд ба девори ту ё шоҳи Наҷаф
Мардум аз ҳасрати дидори ту ё шоҳи Наҷаф
Зини гулистони гул айшам расад он дам ки фитад
Назарам бар гули рухсори ту ё шоҳи Наҷаф
Равзаи хулди барин хор буд дар назараш
Ҳар ки гули чиди зи гулзори ту ё шоҳи Наҷаф
Нест ҳарфӣ ки зи сари ду ҷаҳон огоҳ аст
Ҳарки шуд огаҳ аз асрори ту ё шоҳи Наҷаф
Нақду ҷинси ду ҷаҳонро ба фидоӣ ту намӯд
Ҳарки гардид харидори ту ё шоҳи Наҷаф
Гуфтӣ ое ба серум чун равадам аз тани ҷон
Нест инкор дар иқрори ту ё шоҳи Наҷаф
Бимӣ аз тоби саф ҳашар надорад қассоб
Ҳаст дар сояи девори ту ё шоҳи Наҷаф