То нигоҳи дили фиребаш дар назар дорад маро

зи орзӯӣ ҳар ду олам бехабар дорад маро

Гоҳ дар авҷи тараққии гоҳ дар айни завол

Заррапарвар меҳри рӯйиш дар назар дорад маро

Ман намедонам чаҳ бад кардам ки бахти вожгӯн

Давр аз ин дар чун дуоӣ беасар дорад маро

Чашми масти соқӣ аз ҳар гардиши паймона Эй

Резаи алмоси гӯйӣ дар ҷигар дорад маро

Устихонам тўтё гардид аз помоли даҳр

Кӯи насимӣ то чу гирд аз ҷой бардорад маро

Рӯзу шаб чун риштаи тасбеҳ даст андоз ишқ

Дар суроғи ёр дар сад раҳгузар дорад маро

Даври зи обу ранги он боғу дилам гул ме кунад

Ин ниҳоли хушки доим борвар дорад маро

Чун фурӯғи шамъи кофтади партаваши шабҳо дар об

Акси рухсори ту равшан то саҳар дорад маро

Кӣ кашами қассоби дигари миннати боли ҳумо

Сояи шамшер ӯ то ҷо ба сар дорад маро