Чанд рӯзӣ шуд ки ҳайронам намедонам чаро

Рафт берун аз бадан ҷонам намедонам чаро

Дар шигифтастам ки ҳамчун субҳ бе худ дам ба дам

Чок мегардад гиребонам намедонам чаро

Гаштаам бо онкӣ чун моҳии шиновар дар сиришк

Дар миёни об бирёнам намедонам чаро

Бадтар аз ин онкӣ чун шаб шуд намегардад дамӣ

Ошнои мижгон ба мижгонам намедонам чаро

Вена аз он бадтар ки дар ҳар ҷо нишастам ҳамчуи шамъ

То саҳари гирён ва сӯзонам намедонам чаро

На ҳам овозӣ ки гӯям шарҳи дил на ҳамдамӣ

Ҳамчуи не ҳар лаҳза нолонам намедонам чаро

Гӯсфанд ӯ манам қассоб дар ин интизор

Май намояди дайр қурбонам намедонам чаро