То хӯни хеш дар раҳ ҷонона рехтем

Обӣ ба пои он бут фарзона рехтем

Кардем зарфи дидаи лаболаби зи хӯни дил

Ин бодаро зи зарф ба паймона рехтем

Додеми ҷои меҳри туро дар замини дил

Тухмӣ ба хоки ин даҳ вайрона рехтем

Андӯҳу доғу дарду ғаму оташи фироқ

Кардем ҷамъ ва дар дил девона рехтем

Қассоби оби ашк надомат надошт суд

Чандон ки пеши муҳаррам ва бегона рехтем