Дар ишқи оқибат ба балои мубталои шудем
То пойбанди он сари зулфи дўтои шудем
То омадем бар сари савдои дӯстӣ
Додеми нақди дил ба туу мубталои шудем
Бегонагии зи мардуми олам зарар надошт
Аз худ баромадем ва ба халқи ошнои шудем
Гирем то зи суфраи афлоки тӯша Эй
Чун донаи хирад дар дили ин Асияи шудем
Додеми сабру ҳушу гирифтеми доғи ҳиҷр
То ҳамнишин ба он санам бе вафои шудем
Аз мо кунанд халқи тамошои олимӣ
Дар ишқи ҳамчуи оинаи гетии намои шудем
Барадем раҳ ба айшу гирифтеми коми дил
Қассоб чун ки мо ва ту бе муддаои шудем