эй хуши он рӯз ки аз хоб гарон бархезам
Ба таманнои ту эй сарв равон бархезам
эй хуши он дам ки ба таъзими хадангат аз хок
Сари қадами сохта аз ҷо чу нишон бархезам
Пой бархестанам нест зи кӯии ту магар
Ба мададкории ишқи ту з ҷон бархезам
Тӯшае кӯ ки аз ин хонаи нуҳуми беруни пой
Аз паии чилла аз ин рӯй камон бархезам
Дар миёни ҳоили акси рухи дилдори манам
намешавад зоҳир агар худ з миён бархезам
Зарра аз партави хуршед самоъӣ дорад
Сазад аз акси тугар рақс кунон бархезам
Ёди он лаҳза ки дар оташи шавқат чу сапанд
Уфтаму бози зи ҷои наъра занон бархезам
Ғайри таслим шудан чора надорам қассоб
Ҳукм ёраст ки ман аз сар ҷон бархезам