Дар ҳар ду ҷаҳони оқил ва фарзона набошам

Гар онкии гирифтори ту ҷонона набошам

Дилро з фиғон мекунам аз дарди ту холӣ

Фарёд аз он рӯз ки девона набошам

Бар гирди сарати гирдаму ҷон боз бисӯзам

Ин ҳо накунам пеши ту парвона набошам

Аз худ нарӯм шоми фироқи ту ки тарсам

Меҳрат дар дили кӯбад ва дар хона набошам

Дорам ба дил аз доғи ту сад ганҷи ниҳон беш

Аз сайли ҳаводиси з чаҳ вайрона набошам

Мардони ҳамаи ҷон дар раҳ ҷонона супурданд

Чун сари нспорми з чаҳ мардона набошам

Сардор шудаи ишқ вагар имрӯзи шабихун

Бар лашгар зулфат назанам шона набошам

Дарси дилу ҷон бохтан аз ишқ гирифтам

Ногӯш бар овоз ҳар афсона набошам

Қассоб дар аввал ба ғамаши дасти ухувват

Додам ки дар ин марҳала бегона набошам