Бар миёни тории зи зулф ёр мехоҳад дилам
Сбҳаҳро афканда ва зуннор мехоҳад дилам
То нишоне ҳаст аз ғами хонаи зиндони дӯст
Кофарамгар ҷониб гулзор мехоҳад дилам
То нишинӣ дар миён чун нуқта бар гирди сарат
Як қадами рафтор чун паргор мехоҳад дилам
Равшани он маҷлис ки аз ҳасан ту бошад то ба субҳ
Чун кавокиби дида бедор мехоҳад дилам
На фалакро бодаи шавқат ба чарх оварда аст
Ҳам аз ин май бода саршор мехоҳад дилам
Дар фироқати ҷони ман умрӣаст тоб оварда ем
Як нафас дар тоқат дидор мехоҳад дилам
Он қадар қассоб медонам ки аз куну макон
Ишқро мехоҳад ва бисёр мехоҳад дилам