Гуфт дилбар бар ман аз ҳасрат нигар гуфтам ба чашм
Ғайри ман бар дайгарии мангар дигар гуфтам ба чашм
Гуфт агар дории сари васлам дар ин меҳнати саро
Боядат кард аз ҷаҳони қатъ назар гуфтам ба чашм
Гуфт давр аз моҳ рухсорам набояд боздошт
Чун кавокиби дида ҳар шаб то саҳар гуфтам ба чашм
Гуфт агар дории ҳавои гирди сари гардиданам
То бигӯям омадан бояд ба сар гуфтам ба чашм
Гуфт даври оризам дар тирагӣ чун мардумак
Боядат бинишаст ҳар шаб то саҳар гуфтам ба чашм
Гуфт андари базми ман гирёну сӯзони ҳамчуи шамъ
Ғӯта бояд хӯрд дар хӯн ҷигар гуфтам ба чашм
Гуфт агар хоҳӣ ки бошӣ дар шаҳодати сурх рӯй
Хӯн ба ҷои ашки бор аз чашм тар гуфтам ба чашм
Гуфт агар қассоб май хоҳии гулигирӣ аз об
Боядаттар сохт хок раҳгузар гуфтам ба чашм