Соқӣ куҷост каз мегулгун нишаста бошем
Чун доғи лола то кӣ дар хӯн нишаста бошем
Шояд ки ошнои моро кунад навозиш
То кӣ чу ҳалқа дар , берун нишаста бошем
Хубаст ростиро аз сарв ёд гирем
То кӣ чу беди маҷнӯн ворун нишаста бошем
Созад залили моро рӯйиши зи лашгари хат
Бар оризӣ ки чун хол мавзун нишаста бошем
Ёрон ва ҳам нишинон карданд кӯчу рафтанд
Танҳо дар ин биёбони мо чун нишаста бошем
Қассоб аз ду олам кардӣ ту қатъи умед
Беҳтар каз ин ду манзил берун нишаста бошем