Дили пар аз афғону зоҳири холӣ аз ҷӯшем мо

Аз сухани лабрез ва аз гуфтор хомӯшем мо

То ба бар гирем ҳар дами тири тақдири ту ро

Ҷумлаи аъзо чун камон пайваста оғӯшем мо

Чун тани ойӣнаи пинҳон дар либос ҷавҳарем

Гарчи дар зоҳири з урёнӣ намад пӯшем мо

Ҳарф бисёраст аммо рухсат гуфтор нест

Бар сари чандини ҳазор асрор сар пӯшем мо

Назд аҳли дили забон доне намедонам ки чист

Ҳркҷои қассоб ҳарфӣ бугзарад гӯшем мо