Саропоем чаман шуд баси гул ҳасрат дамид аз ман
Чаҳ рангоранги гулҳоӣ тавон ҳар рӯзи чид аз ман
Бурун шуд равшаноӣ аз назар то рафт он дилбар
Тиҳӣ шуд қолаб аз рӯҳу равон то по кашид аз ман
Қадам хам шуд чу абрӯ то зи дили баргашти мижгонаш
Ба ҷои ашк хӯн борид чашмам то бурид аз ман
Надорад меҳр гуё кин буд дар мазҳаби хубон
Вагарнаи ҷузи муҳаббати ҳарфи дигар кӣ шунид аз ман
Надорам ҷинси ноёбӣ ки тарсам ройгон гардад
Ба сад ҷон кӣ ғамашро метавонад каси харид аз ман
Ба қурбони ту гирдами зи орзӯ аз ман чаҳ май пурсӣ
Чаҳ меояд ба даргоҳи ту дигари ҷузи умед аз ман
Ба ман бисёр мемонад намедонам ки сунъи ҳақ
Маро аз хоки ғам ё хоки ғамро офарид аз ман
Нигоҳи шӯх ӯ тарсам дар ин саҳрои пурваҳшат
Наёбади манзили худро зи ноз аз бас рамед аз ман
Ба гуфтори назирии хешро қассоб ме хоҳам
Ки дар рӯзи ҷазои мазлӯм тар набӯд шаҳид аз ман