Ҳасани ту аз нурасту ҷон , нимӣ аз ин нимӣ аз он

Вази шеру шукри он даҳон , нимӣ аз ин нимӣ аз он

Оби наботу ангабин бисёр ҷамъ омад ки шуд

Лаъли ту эй ширини забони нимӣ аз ин нимӣ аз он

Рӯ дод чандини гуфтугӯ бо мшгу анбар то аз он

Хол рахт омад аёни нимӣ аз ин нимӣ аз он

Гуё қади сарви туро бо ҷону дил дар ин чаман

Пайванд карда боғбони нимӣ аз ин нимӣ аз он

Дар гулшани хӯбӣ шуда аз лолау гули оризат

эй дили навози ошиқони нимӣ аз ин нимӣ аз он

Ошӯби ин на осмон ё шӯриши куну макон

Шуд печу тоби он миёни нимӣ аз ин нимӣ аз он

Дар чашми мастат ҳар яке доранд нимӣ аз дилам

Осон гирифтан кӣ тавон нимӣ аз ин нимӣ аз он

Зад аз ҷамоли лолаи гавани вази чашми масти пурфусун

Қассобро оташ ба ҷони нимӣ аз ин нимӣ аз он