Рафтӣ зи чашм ва монад ба ҷои моҷарои ту
Холӣаст дар ду дидаам эй дӯсти ҷои ту
Гӯйӣ ки равшаноӣам аз дида рафта аст
То гиряи шаста аз назарами хоки пои ту
Хокам ба сар ки аз дилу ҷон дар вуҷӯди ман
Чизе намондааст ки созами фидои ту
Бисёр гаштаам ба гулистон надида ам
Як барги гул ба шухии ранги қабои ту
Бояд бурунаш аз қафас сина кард зуд
Мурғи дилӣ ки пар назанад дар ҳавои ту
Пинҳон макун зи оинаи рухсори хеш ро
Чандон ки касб нур кунад аз сафои ту
Бигушо дарии зи лутф ки қассоби дида ро
Кардааст ҳалқа дар давлати сарои ту