Ба худ чанд эй дил бетоқат аз афсонаҳо пайчи
Чу мӯии дидаи оташ ҳар замон бар шонаҳо пайчи
Гиребони либоси каъбаи дил ме тавон гаштан
Чаро бар дасту по чун домани девонаҳо пайчи
Барояд то зи дастати маҷлисӣ равшан кун аз ориз
Чу дӯди шамъ то кӣ бар пари парвонаҳо пайчи
Чу тори анкабути охир дар ин мотами саро то кӣ
зи ғифлат бар дару девори ин вайронаҳо пайчи
Биҷӯ роҳӣ ки то аз хештан берун наҳй по ро
Ба худ чун дӯд то кӣ дар даруни хонаҳо пайчи
Чу хам дар гӯша гирӣ бошу нопидои бимон то кӣ
з бемағзӣ чу буии бода дар майхонаҳо пайчи
Дар ин боғи ҷаҳони қассоб берун кун сар аз ҷое
Чу карами тор то кӣ хешро дар лонаҳо пайчи