Равшан шуда аз ҳасани ту кошонаам имшаб
Хуш бош ки бар гирди ту парвонаам имшаб
Нахли қади дилҷӯии ту эй зинати фирдавс
Сероб шуд аз гиря мастонаам имшаб
Дасти талаб аз домани васл ту надорам
Ҳарчанд ки дар базми ту бегонаам имшаб
Сарвӣ шуд ва чун шуъла қад афрӯхт ба афлок
Ҳар дӯд ки бархест з вайронаам имшаб
Аз баҳри яке ҷуръа май боз чу қассоб
Ҷорўбкшии гӯша мехонаам имшаб