Аз лабаши гуфтору гуфтор аз даҳани нозук тар аст
Гарчи лаълаш нозукаст аммо сухани нозук тар аст
намешавад мадҳуши атраш ҳар нафаси дил чун кунам
Васфи холашро ки аз машки хутани нозук тар аст
Гар шавад аз шишаи шабнами ҷароҳат давр нест
Пушти пой ӯ ки аз барги самани нозук тар аст
Аз нигоҳи ман ғуборолуд мегардад дилаш
Хотираш дар зери чандини перҳани нозук тар аст
Мустамеъро дар назари алфози нозук хуш намост
Пеши мо қассоби маънӣ аз сухани нозук тар аст