Рӯй бар ойӣнаи зи он рухсор мегӯям ҳадис
Ҳамчуи тӯтӣ аз забон ёр мегӯям ҳадис
Ман саводи дида аз хати ту равшан карда ам
Нест аз ман давр агар бисёр мегӯям ҳадис
Чашми ҷодӯ , ғамзаи тарсо , холи ҳиндӯ , рухи фаранг
Дар миёни хитта куффор мегӯям ҳадис
Нестам булбул ки гуяд дар шукуфтани васфи гул
Чун уқоб аз ханда сӯфор мегӯям ҳадис
Шарҳи зулфашро касе дигар намедонад чу ман
Мӯ ба мӯи зини ришта зуннор мегӯям ҳадис
Нестам зоҳид ки дар масҷиди занами ҳарфи риё
Мастам ва дар хона хумор мегӯям ҳадис
Ошиқи девонаро бо масҷиду минбар чаҳ кор
Дар миёни кӯча ва бозор мегӯям ҳадис
Бар муҳибони алии қассоб оташ шуд ҳаром
Аз забони Аҳмад мухтор мегӯям ҳадис