эй бар қаду болоят аз хӯбӣу раъное

Гардӣда нигаҳи ҳайрон дар чашми тамошое

Бозо ки кашид охири ишқи ту ба расвоӣ

эй Подшаҳ хубон дод аз ғами танҳоӣ

Дил бе ту ба ҷон омад вақтаст ки бозоиӣ

Аввали гули рухсорати саргарм фиғонам кард

Вонгаҳи хами абрӯяти қасди дил ва ҷонам кард

Ишқ омад ва дар охири расвоӣ ҷаҳонам кард

Муштоқӣу маҳҷӯрии давр аз ту чунонам кард

Каз даст бихоҳад шуд домони шикебе

эй зикри туами мстр дар дафтари нокомӣ

эй номи туами раҳбар дар шаш дар нокомӣ

Аз захми туами марҳам дар пайкари нокомӣ

эй дарди туами дармон дар бистари нокомӣ

Ваии ёди туами мӯнис дар гӯшаи танҳоӣ

Умрӣаст дар ин водӣ саргашта дилдорем

Ҳаркас талабӣ дорад мо толиб дидорем

Дар дасти ғами ҳиҷрон дерӣ аст гирифторем

Дар доираи қисмати мо нуқта паргорем

Лутфи ончии ту андешии ҳукми ончӣ ту фармое

Рӯзӣ ба хаёл ӯ дил , шод ҳаме кардам

Дар гӯшаи танҳои фарёд ҳаме кардам

Бар куштани хеш аз ғами имдод ҳаме кардам

Дишаби гилаи зулфаш бо бод ҳаме кардам

Гуфто ғалатӣ бигузар зини фикрати савдое

Ҷузи тири туам дар дили пурвой хадангӣ нест

Ҷузи кӯии туам бар сари савдоӣ фарангӣ нест

Бар синаи прдоғми ҷузи ишқи ту рангӣ нест

Соқии чамани гулро бе рӯй ту рангӣ нест

Шамшод хиромон кун то боғи бёроиӣ

Дар дили зи ҳуҷуми ашг хуноб наме монад

Фардоаст ки дар чашмам сайлоб наме монад

Ғорат зада дилро асбоб наме монад

Доими гули ин бустон шодоб наме монад

Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ

Дишаби хабари васлӣ аз пеш нигор омад

Бигузашт хазони ҳиҷри айём баҳор омад

Қассоби гули ишқат май хур ки ба бор омад

Ҳофиз ба шаби ҳиҷрони буии хуш ёр омад

Шодяти мубораки бод эй ошиқи шайдое