Ишқат шафқат надорад эй ҷон

Меҳрат баракат надорад эй ҷон

Азҷумла некӯони олам

Каси ин дарҷат надорад эй ҷон

Он кас ки зи ишқи ту бимирад

Ҷузи ғам таркат надорад эй ҷон

Дар роҳи фироқи ту аз он лаб

Ошиқ нФқт надорад эй ҷон

Ман сокин аз он шудам ки бе ту

Ҷонам ҳаракат надорад эй ҷон

Чандон ки нигаҳ кунам зи ишқат

Корам самарат надорад эй ҷон

Бар ошиқи мушфиқати қавомӣ

Он лаб шафқат надорад эй ҷон

Як бӯса ба бандаи боз додан

Чандин азимат надорад эй ҷон