Аммо ҷинси дигар покӣаст аз фазлоти тан ва он ҳафтаст :

Аввал : мӯӣ сараст ва ситурдани аўлитр ба покии наздиктар , магари аҳли шарафро аммо баъзе ситурдан ва баъзе раҳо кардан ва ҳарҷое мӯии парокандаи гузоштани одат лашгарёнасту кроҳит ва наҳй омадааст аз он .

Дувум : сблт бо лаби рост кардан суннатасту фурӯ гузоштан наҳйаст .

Сеюм : мӯии зери даст дар чиҳил рӯзи як бор кандан суннатаст ва чун дар ибтидо одат кунад осон бошад агар одат накарда бошад ситурдани аўлитр то хештанро тъзиб накарда бошанд .

Чаҳорум : мӯӣ ъонаасту азолти он ба оҳак ё ба ситурдан суннатаст ва бояд ки аз чиҳил рӯз тохир накунад .

Панҷум : нохуни бозкрдн суннатаст то шӯх дар вай гирд наёяд , пас агар гирд ояд андакӣ , таҳорат ботил нашавад , чаҳ расӯл ( с ) он шӯх бидид дар нохуни гуруҳе ва бифармуд то нохун боз кунанду қазои намози нафармуд дар хабараст ки чун нохун дароз шавад нишастгоҳ шайтон буд ва бояд ки ибтидо бидон ангушт кунад ки фозилтарасту даст аз пои фозилтару рост аз чап ; ва он ангушт ки ишорати шаҳодат ба вай расад фозилтараст , ибтидо ба вай кунад ,у онгоҳ аз ҷониби рост вай мешавад то ба вай расад ва ҳар ду даст рӯй дар рӯй чун халқа тақдир кунад , пас аз ангушти шаҳодати рост ибтидо кунад ва мешавад то ба киин рост , пас аз киин чап ибтидо кунад то рост хатм кунад .

Шашум : ноф бариданаст ва он вақт вилодат бошад .

Ҳафтум : хутана карданаст марду занро .