Бидон ки ҳаҷ аз арқон исломасту ибодат умрасту расӯл ( с ) гуфт , « ҳаркии мард ва ҳаҷ накард , гӯи хоҳи ҷуҳуди мейру хоҳи тарсо » , ва гуфт , « ҳарки ҳаҷ кунад бе он ки тан ба фисқ олӯда кунаду забон ба беҳудау ношоист машғӯл дорад , аз ҳамаи гуноҳон берун ояд , ҳамчун он рӯз ки аз модарзод » , ва гуфт , « бисёр гуноҳаст ки онро ҳеҷ куффорат нест , магари истодан ба Арафот » , ва гуфт , ( с ) « шайтонро набенанд дар ҳеҷ рӯзи хортар ва ҳақиртару зрдрўитар аз он ки дар рӯзи арафа , аз баси раҳмат ки худои таъолӣ бар халқ нисор кунад ва аз баси кбоири азим ки даргузарад » , ва гуфт , « ҳарки аз хона берун ояд бар андешаи ҳаҷ ва дар роҳи бимирад то қиёмат ҳар солии вайро музди ҳаҷӣ ва умра менависанд ва ҳар ки дар Маккаи бимирад ё дар Мадина , вайро на арз буд на ҳисоб » ва гуфт , « як ҳаҷи мбрўри беҳтар аз дунё ва ҳарчӣ дар вайасту вайро ҳеҷ ҷазо нест магари биҳишт » ва гуфт , « ҳеҷ гуноҳи азимтар аз он нест ки касе ба арафа боистаду гумони барад ки омирзида нест » .
Ва алии бен муваффақи яке аз бузургон бӯдааст , гуфт , « як сол ҳаҷ кардам , шаби арафаи ду фиришта ба хоб дидам ки аз осмон фурӯд омаданд бо ҷомаҳои сабз , яке дигарро гуфт , доне ки имсоли ҳоҷ чанд буданд ? гуфт , шашсад ҳазор буданд гуфт , доне ки ҳаҷ чндтн пазируфтанд ? гуфт , не , гуфт , ҳаҷи шаш тан пазируфтанд ва бас гуфт , аз хоб даромадам аз аҳўли ин сухану сахти андӯҳгини гаштам ва гуфтам , « ман ба ҳеҷ ҳол аз ин шаш тан набошам » , дар ин андешау андӯҳ ба мшъролҳроми расидам ва ба дар хоб шудам ҳамон ҳамон ду фириштаро дидам ки ҳамон ҳадис бо якдигар гуфтанд онгоҳи он яке гуфт , « доне ки ҳақи таъолии имшаб чаҳ ҳукм кардааст миёни халқ ? гуфт , не , гуфт , ба ҳар яке аз он шаш тан садҳазор бубахшед ва дар кор эшон кард пас аз хоб бедор шудам шодон ва шукр кардам худоиро таъолӣ » , ва расӯл гуфт , ( с ) , ки ҳақи таъолӣ ваъда додааст ки ҳар солии шашсад ҳазор бандаи ин хонаро зиёрат кунанд ба ҳаҷ ва агар камтар аз ин бошанд , аз млоикаҳ чандоне бифиристанд ки ин адад тамом шаваду каъбаро ҳашар кунанд чун арӯсӣ ки ҷилва хоҳад карду ҳарки ҳаҷ карда бошад гирд вай гардаду даст дар пардаҳои вай занад то онгоҳ ки дар биҳишт шавад ва эшон бо вай дар биҳишт шаванд .