Бидон ки сифати аъмоли ҳаҷ аз аввал то охир бибояд донист , фароизу сунану одоб ба ҳам омехта , чунон ки суннатаст ки ҳаркии ибодат на ба одат кунад , суннату адабу фаризаи ҳамаи наздики ваии баробар буд ки ба мақоми муҳаббат ки расад ба навофил ва сунан расад , чунон ки расӯл ( с ) гуфт ки ҳақ таъолӣ мегуяд , « бандагони ман ба ман ҳеҷ тақарруб накунанд бузургтар аз гузордан фаризаҳои ман ва он ки банда буд наёсоед ҳеҷ аз тақарруб кардан ба навофилу сунан то бидон дараҷа расад ки самъу басару дасту забони вай ман бошам ба ман шунӯд ва ба ман бинад ва ба ман гирад ва ба ман гуяд » пас муҳим бошад одобу сунани ибодот ба ҷой овардан ва дар ҳар ҷое нигоҳ бояд дошт .