Бидон ки агар қофилаи рӯз арафа расад ба Арафот , ба тавоф қудум напардозанд ва агар пеш расад , тавофи қудум ба ҷои оранду рӯзи трўиаҳ аз Макка берун оянд ва он шаб дар мно бошанду дигари рӯз ба Арафоти раванду вақти вуқуфи пас аз заволи даройади рӯзи арафа то онгоҳ ки субҳи рӯз ид барояд , агар пас аз субҳ расад ҳаҷ фӯт шаваду рӯзи арафа ғусл кунаду намози дигар бо намози пешин ба ҳам гузораду боз ба дуо машғӯл шавад ва ин рӯз рӯза надорад то қӯт ёбад ки дар дуо маболиғат кунад ки сари ҳаҷи иҷтимои дилҳо ва ҳимматҳои азизонаст дар ин вақти шариф ва фозилтарин зикрҳо калимаи лои илоҳи ало аллоҳаст ва дар ҷумла бояд ки аз вақти завол то шабонгоҳ дар тазаррӯъу зорӣ буд ва истиғфор кунад ва узрҳои гузашт бихоҳаду тавваҷуҳ насӯҳ кунаду даъвати андари ин вақт бисёрасту нақли он дароз шавад ва дар китоб эҳё овардаем , аз онҷо ёд гирад ё ҳар дуое ки ёд дорад дар ин вақт мегӯйанд ки ҳамаи даъвоати мосўраҳ дар ин вақт некӯаст ва агар натавонад ёд гирифт , бояд ки аз навишта мехонд ё касе мехонду вай омин мекунаду пеш аз он ки офтоб фурӯ шавад , аз ҳудӯди Арафот берун нашавад .