Бидон ки зикрро чаҳор дараҷааст :

Аввали он ки ба забон бошаду дили ғофилу асари ин заъиф буд , валикини ҳам аз асар холӣ набошад чаҳ забониро ки ба хизмат машғӯл бошад фазл буд бар забонӣ ки беҳуда машғӯл гардад ё маъаттал бугзарад .

Дувуми он ки дар дил буд , валикин мутамаккин набӯд ва қарор нагирифта бошад ва чунин ваад ки дилро ба такаллуф бар он бояд дошт то агар он ҷаҳд ва такаллуф набӯд , дил ба табъ хеш шавад аз ғифлату ҳдиқи нафас .

Сими дараҷаи он ки зикри қарор гирифта бошад дар дилу муставле шуда ва мутамаккин гашта , чунон ки ба такаллуфи вайро ба кори дигар бояд барад ва ин азим буд .

Чаҳоруми дараҷаи он буд ки муставле бар дили мазкӯр буду бас ва он ҳақ таъолӣаст на зикр ки фарқ буд миёни он ки ҳамагии дил дӯст дораду миёни он ки зикр дӯст дорад , балки камол онаст ки зикру огоҳӣ аз дили бишавад ва мазкӯр монаду бас ки зикри тозӣ буд ё порсӣ ва ин ҳарду аз ҳадиси нафас холӣ набошад балки айни ҳадис буд . Ва асл онаст ки дил аз ҳадиси порсӣу тозӣ ҳарчӣ ҳаст холӣ шаваду ҳама вай гардад ки ҳеҷ чизи дигарро дар вай ганҷ намонад ва ин натиҷаи муҳаббати муфрат буд ки онро ишқ гӯйанду ошиқи карамро ҳамагӣ маъшӯқ дорад ва бошад ки аз машғӯлӣ ки ба вай бошад номи вайро фаромӯш кунад ва чун чунин мустағриқ шавад ва худро ва ҳарчиро ки ҳаст ҷузи ҳақи таъолӣ фаромӯш кунад , ба аввали роҳ тасаввуф расад ва ин ҳолатро суфиён фано гӯйанд ва нестӣ гӯйанд , яъне ки ҳарчӣ ҳаст аз зикр вай нест гашт ва он ҳам нест гашт ки худро низ фаромӯш кард .

Ва чунон ки худои таъолии ъолмҳост ки моро ҳеҷ аз он хабар нест ва он дар ҳақ мо нестаст , ҳаст мо онаст ки моро аз он огоҳӣаст ва аз он хабараст чун ин оламҳо ки ҳаст халқаст касеро фаромӯш шуд , вай нест гашт . Ва чун худии худро фаромӯш кард , вай низ дар ҳақ худ нест гашт ва чун бо ваии ҳеҷ чиз намонад магари ҳақи таъолӣ , ҳаст вай ҳақ бошаду бас .

Ва чунон ки ту нигоҳ кунӣу осмону замину ончӣ дар вайаст беш набинӣ , гӯйии олам беш аз ин несту ҳама инаст . Ин кас низ ҳеҷ чизро набинад ҷузи ҳақи таъолӣ ва гуяд ҳама ӯсту ҷузи вай худ несту бад-ӣни ҷойгоҳи ҷудоӣ аз миёни вай ва ҳақ бархезаду ягонагӣ ҳосил ояд . Ва ин аввали олами тавҳид ва ваҳдоният бошад , яъне ки хабар ҷудоӣ бархезад ки вайро аз худои таъолии даврӣ ва огоҳӣ набошад ки ҷудоӣ касе донад ки ду чизро бидонад , худроу худоро . Ва ин кас дар ин ҳол аз худ бехабарасту ҷузи як наме шиносад , ҷудоӣ чун донад ?

Ва чун бад-ӣн дараҷа расед сӯрати малакӯт бар ваии кашф шудан гирад . Ва арвоҳи млоикаҳу анбиё ба сӯратҳои некӯи варо намӯдан гираду ончии хости ҳазрат илоҳятаст пайдо омадан гираду аҳволи азим пайдо ояд ки аз он иборат натавон кард . Ва чун ба худ ояд ва гоҳе корҳо падед ояд , асари он бо вай бимонаду шавқи он ҳолат бар вай ғолиб шаваду дунё ва ҳарчӣ дар дунёст ва ҳарчӣ халқ дар онанд дар дили вай нохуш ояд ва ба тан дар миён мардумон бошад ва ба дили ғоиб ва аҷаб медорад аз мардумон ки ба корҳои дунё машғӯланд ва ба назари раҳмат бадишон менигарад ки медонад ки аз чаҳ кори маҳрӯм мондаанду мардумон бар вай май хнднд ки чаро вай низ ба кори дунё машғӯл нест ва гумон мебаранд ки магари вайро ҷунунӣу савдое падед хоҳад омаду бас .

Агар касе ба дараҷаи фано ва нестӣ нарасад ва ин аҳволу мукошифоти вайро пайдо наёяд , лекини зикр бар ваии ғолиб ва муставле гардад . Ин низ кимиёӣ саодат бошад ки чун зикр ғолиб шуд , оташи муҳаббат муставле шуд то чунон шавад ки ҳақи таъолиро аз ҳамаи дунёу ончӣ дар вайаст дӯст тар дорад .

Ва Аслан саодат инаст ки чун марҷаъу масир ба ҳақ хоҳад буд , ба марги камоли лиззати мушоҳидаи вай бар қадари муҳаббат буд ва он касро ки маҳбӯб дунё бошад , ранҷу дардӣ дар фироқи дунё дар хури ишқи вай буд дунёро , чунон ки дар унвон мусулмонӣ гуфтаем .

Пас агар касе зикр бисёр мекунад ва ӯро он аҳвол ки суфиёнро бошад пайдо наёяд , ки нФўр гардад ки саодат бар он мавқуф нест ки чун дил ба нури зикри оростаи гашт , камоли саодатро муҳайёи шдў ҳарчӣ дар ин ҷаҳон пайдо наёяд пас аз марг пайдо ояд . Бояд ки ҳамеша мулозим бошад муроқибати дилро то бо ҳақ таъолӣ дорад ва ҳеҷ ғофил набошад ки зикр бар давоми калиди аҷоиби малакӯти ҳазрат илоҳятасту маънии ин ки расӯл ( с ) гуфт , « ҳарки хоҳад дар равзаҳои биҳишт тамошо кунад , зикри худои бсёз бояд кард » инаст .

Ва аз ин ишорат ки кардем маълум шуд ки лбоби ҳамаи ибодот зикрасту зикри ҳақиқии он буд ки ба вақти амр ва наҳй ки дар пеш ояд худоиро ёд кунад ва ба вақти маъсият даст бидорад ва ба вақти фармон ба ҷои орад . Агар зикри вайро бад-ӣн надорад , нишон он бошад ки ҳадис нафас бӯдааст ва ҳақиқатӣ надоштааст .