Ин таҳорат зоҳиран гарчи дараҷа бозпасинаст , фасли вай низ бузургаст , валикин ба шарти он ки адаби вай нигоҳ дораду васвасау исрофро бидон роҳи надиҳад чун ба ҳади васваса ва исроф расад макрӯҳу нописандида бўдў бошад ки бизиҳкор гардад ва ин эҳтиётҳо ки одат суфиёнаст аз ҷўрби доштан ,у азор ба сари дргрФтну оби пок ба яқини талаб кардан ва офтоба нигоҳдоштан то касе даст бар вай Франканд , ҳама некӯасту касонеро аз фуқаҳо ва дигарон ки он нигоҳ надоранд , нест ки бар эшон эътирозӣ кунанд ало ба шартӣ ва эшонро низ нест ки бар фуқаҳо ва дигарон ки эҳтиёт накунанд эътироз кардан Аслан , чаҳ он эҳтиётҳо некӯаст , влкн ба шаш шарт :

Шарти аввали он ки ба сабаби рӯзгор бурдан бидон , аз кории фозилтар аз он боз намонад , чаҳ агар касеро қудрат он бошад ки ба омухтани илмӣ машғӯл шавад ё ба Фкртӣ машғӯл шавад ки он зиёдат кашфӣ бошад ё ба касбӣ машғӯл шавад ки он кифояти аёли вай буд то ӯро аз халқ суол набояд кардан ва аз даст мардумон набояд хӯрдану рӯзгори бурдан ба эҳтиёти таҳорати вайро боз дорад аз ин , нишоед ки бад-ӣни эҳтиётҳо машғӯл буд ки ин ҳама муҳимтараст аз эҳтиёти таҳорат ва ба чунин сабаб буд ки ҳаргизи саҳоба ба чунин эҳтиётҳо машғӯл нашуданд ки эшон ба ҷиҳоду касбу талаби илм ва ба корҳои муҳимтар аз ин машғӯл буданд ва барои ин буд ки пои бараҳнаи брФтндӣ ва бар замин намоз кардандӣ ва бар хок нишастандӣу таоми хўрдндӣу даст бар кафи пои молидндӣ ва аз арақи сутурон ҳазар накардандӣу ҷаҳди бештар дар покӣ дил кардандӣ на дар покии тану ҷома . Пас агар касе бад-ӣни сифат буд , суфиёнро бар вай эътироз нарасад ва касе ки ба коҳилӣ аз эҳтиёт даст бидорад , вайро нишоед ки бар аҳли эҳтиёт эътироз кунад ки кардани эҳтиёт аз нокардан фозилтараст .

Шарти дувуми он ки хештан аз риёу ръўнт нигоҳ дорад ки ҳар ки эҳтиёт кунад , аз сар то пои вай мунодӣ мекунад ки , « ман порсоем ки хештани чунин пок медорам » ,у вайро аз он шарафӣ падед ояд агар пой бар замин наад ё аз офтобаи дигар таҳорат кунад , тарсад ки аз чашм мардумон биафтад . Бояд ки хештанро дар ин биёзмоед ва дар пеши мардумони пой бар замин нааду роҳи рухсати супурд ва дар сари тадоруки эҳтиёти бикунад , агар нафаси вай дар ин мнозътӣ кунад , бидон ки офати риё ба вай роҳ ёфтааст , акнӯн бар ваии воҷиб буд ки пой бараҳна равад ва бар замин намоз кунад ва аз эҳтиёт даст бидорад ки риё ҳаромасту эҳтиёти суннат , чун аз ҳароми ҳазари натавонади ало ба тарки эҳтиёт , бар ваии воҷиб буд тарки эҳтиёти гуфтан .

Шарти сими он ки гоҳи гоҳ низ роҳ рухсат мераваду эҳтиёт бар хештан фарз нигараданд , чунон ки расӯл ( с ) аз мҳтраҳи мушрикӣ таҳорат кардаасту умр аз сабуии зании тарсо таҳорат кардааст ва эшон дар бештари аҳвол бар хок намоз кардаанд ва касе ки дар хуфтани миёни хешу миёни хоки ҳеҷ ҳиҷоб накардӣ , вайро бузургтар доштандӣ пас чун сирати эшонро маҳҷӯр кунад ва ношоист дораду нафаси вай мсомҳт накунад мувофиқати эшонро , далел он бошад ки нафас дар ин эҳтиёт шарафӣ ёфтааст , муҳим бошад ки даст аз ин бидорад .

Шарти чаҳоруми он ки ҳар эҳтиётӣ ки дар он ранҷ мусулмонӣ бошад даст бидорад ки рнҷондни дили халқ ҳаромасту тарки эҳтиёт ҳаром нест , чунон ки касе қасд он кунад ки даст вай бигирад дар салом ё мъонқаҳ кунаду даст ва рӯй вай арақ дорад , ваии хештани бозкшд , ин ҳаром бошад , балки халқи некӯу тақарруб намӯдан бидон мусулмон дар ин вақт аз ҳазор эҳтиёти муборактар буд ва фозилтар ва ҳамчунин агар касе пой бар саҷдаи вай наад ва аз офтобаи вай таҳорат кунад ва аз кӯзаи вай об хӯрд , нишоед ки манъ кунаду кроҳит изҳор кунад ки расӯл ( с ) оби замзами хост , аббос гуфт , « дастҳои бисёр дар об кардаанд ва шӯрида карда то туро далвии хос талаб кунам ва бар об баркашам » гуфт , « не ! ман баракати дасти мусулмононро дӯсттар дорам . »

Ва бештари қрои он ҷоҳили ин дақоиқ нашносанду хеш андар чинанд аз касе ки эҳтиёт накунаду вайро брнҷоннд ва бошад ки бо падару модари рафиқу бародари суханҳои дурушт гӯйанд , чун даст ба офтобау ҷомаи эшон дароз карда бошанд , ва ин ҳама ҳаромаст чигуна раво бошад ба сабаби эҳтиётӣ ки воҷиб нест ,у бештар он бошад ки қавмӣ ки ин кунанд такаббурӣ дар сари эшон падед ояд , ки миннат бар мардумон ниҳанд ки мо худ чунин мекунем ва ба ғанимат доранд ки хештан аз касе фароҳам гиранд то вайро брнҷоннду покии хеш арза кунанду фахри хеши падеди оранд ва дигаронро наҷис ном кунанд бидон ки чунон ки саҳоба осон фарогирифта бошанд фаро гирад ва агар касе дар астнҷо ба санг ақтсор кунад ин худ аз кбоир шиносанд ва ин ҳама аз хабосат ахлоқасту далели наҷосат ботинасту дили поки доштан аз ин хабосат фаризааст ин ҳамаи сабаб ҳалокасту эҳтиёти даст ба доштани сабаб ҳалокат нест .

Шарти панҷуми он ки ҳамин эҳтиёт дар хӯрданӣу пӯшиданӣу гуфтанӣ нигоҳ дорад ки он муҳимтараст , чун муҳимтар даст надорад , далели он буд ки ин эҳтиёт барои ръўнт ё барои одат мекунад чунон ки касе таом хӯрд дар вақте ки гуруснагии вай ба зарурат набошад , онгоҳ то даст ва даҳон нашавед намоз накунад ва ин миқдор надонад ки ҳарчӣ наҷисаст безарурат чаро мехӯрд ? ва агар покаст даст чаро мешавед ? пас бар ҷомае ки омён шаста бошанд намоз менакунаду таомӣ ки дар хонаи авом пухта бошанд чаро мехӯрд ?у эҳтиёт дар покии луқма муҳимтарасту бештари ин қавм дар хонаи бозорёни таом пухта хуранд ва бар ҷомаи эшон намоз накунанд ва ин на нишон сидқ бошад дар ин кор .

Шарти шашуми он ки ин эҳтиёт ба мункироту мнҳёт адо накунад , чунон ки бар се бор зиёдат кунад дар таҳорат , ки бор чаҳорум наҳйаст ё таҳорати дарози бикашаду мусулмонӣ дар интизор вай мебошад ки ин нишоед ё об бисёр бирезад то намози аввали вақт тохир кунад ё эмом бошад аҳли ҷамоат дар интизор дорад ё мусулмониро ваъда дода бошад ба корӣ ва он дайр мешавад , ё ба сабаби он рӯзгори касб вай мешаваду аёли вай зойеъ мемонад ки ин чунин корҳо ба сабаби эҳтиётӣ ки фариза нест , мубоҳ нагардад ё саҷҷодаи фарохи ФрўоФкнд дар масҷид то касе ҷома ба ваии бознзнд ки аз ин се чизи мункир буд , яке он ки порае аз масҷид ғасб карда бошад аз мусулмонону ҳақи вай беш аз он нест ки вай саҷда кунаду дувуми он ки чунин саф пайваста натавон дошту суннат онаст ки китф ба китфи бародарвору пайваста , сеюм он ки аз мусулмонӣ ҳазар мекунад чунон ки аз саг ва наҷосатҳо ҳазар кунад ва ин нишоед ва ҳамчунин мункирот бисёр ки басии қрои ҷоҳил ба сабаби эҳтиёт иртикоб кунанд ва ндонанд .