Чун донистӣ ки таҳорати зоҳир чандаст аз таҳорати ботину таҳорати ботин сеаст , яке таҳорати ҷавориҳ аз маосӣ , дувуми таҳорати дил аз ахлоқи бад , сеюм таҳорати сар аз ҳарчӣ ҷуз ҳақаст , бидон ки таҳорати зоҳир низ се қисмаст , яке таҳорат аз наҷосат , дувум аз ҳдсу ҷанобат , сеюм аз афзӯнии тан чун нохуну мӯӣу шӯху ғайри он .