Аммо шароити никоҳ панҷаст :

Аввал валеаст ки бе вале никоҳ дуруст набӯду ҳарки вале надорад вале ваии султон буд .

Дувуми ризои зан , магар ки дӯшиза буд ки чун падари вайро бидиҳад , ба ризои вай ҳоҷат набошад , ва ҳам аўлитр он бошад ки бар вай арза кунанд , онгоҳ агар хомӯш буд кифоят буд .

Сеюм ду гувоҳи одил бибояд ки ҳозир буду аўлитри он буд ки ҷамъӣ аз аҳли салоҳ ҳозир шаванд ва бар ду ақтсор накунанд . Пас агар ду мард бошад мастур ки фисқи эшон марду занро маълум набошад , никоҳи дуруст буд .

Чаҳоруми он ки лафзи эҷоб ва қабул бигӯянд валеу шӯй ё вакили эшон чунон сариҳ буд . Ва лФти никоҳ ё тазвиҷ бо порсӣ он бигӯянд . Ва суннат онаст ки вале гуяд пас аз он ки хутба брхўондаҳ бошад , « бисмии аллоҳи вболлаҳу алҳмдллаҳ , фалонро ба никоҳ ба ту додам ба чандини кобӣн » ва шӯй гуяд , « бисмии аллоҳу алҳмдллаҳ , ин никоҳи бад-ӣни кобӣни пазируфтам » ,у аўлитри он буд ки занро бибинад пеш аз ақд то чун бипасандад ақд кунад ба улфати умедвортар буд . Ва бояд ки қасду нияти вай аз никоҳ фарзанд бошаду нигоҳи доштани чашму дил аз ношоисту мақсӯди таматтуъ ва ҳаво набошад .

Панҷуми он ки зан ба сифатӣ буд ки вайро никоҳи ҳалол буд . Ва қариби бист сифатаст ки никоҳ бидон ҳаром буд : чаҳ ҳар занӣ ки дар никоҳ дайгарӣ бошад ё дар ъдти дигар буд ё муртад бошад ё бути параст буд ё зиндиқ бошад ки ба қиёмату худоӣу расӯл имон надорад ё абоҳтӣ бошад ки раво дорад занро бо мардони нишастану намоз нокардан ва гуяд ки моро ин мусалламасту бад-ӣн уқубат нахоҳад буд ё тарсо бошад ё ҷуҳуд аз насли касоне ки эшон ҷуҳудӣу тарсоеи пас аз фиристодани расӯл ( с ) мо гирифта бошад , ва ё банда бошаду мард бар кобӣни зании озод қодир бошад ва ё аз зинои эмин буд бар хештан ё дар малики ин мард буд ҷумлаи вай ё баъзе аз вай ё хешованду муҳаррами мард буд ё ба сабаби шер хӯрдан бар ваии ҳаром шуда бошад ё ба мсоҳрти ҳаром шуда бошад чунон ки пеш аз ин бо фарзанди вай никоҳ карда бошад ё бо модару ҷадда ӯ никоҳ карда бошаду суҳбат низ карда . ё ин зан дар никоҳи падар ё дар никоҳи писар вай бӯда бошад ё марди чаҳор зан дигар дораду ҷузи вайу ваии зан панҷум бошад ё хоҳар ё амма ё холаи вайро ба занӣ дорад ки ҷамъ кардани миён эшон нишоед . Ва ҳар ду занӣ ки миёни эшон хешовандӣ буд ки агар яке мард будӣ ва яке зани миёни эшон никоҳи нбстӣ , раво набошад ки мардии миёни эшон ҷамъ кунад ва ё дар никоҳ вай бӯда бошад ва се талоқ дода бошад ё се роҳи харид ва фурухт карда бошад то шӯй дигар накунад ҳалол нашавад ё миёни эшон лъон рафта бошад ё ин зан ё марди муҳаррам буд ба ҳаҷ ё ба умра ё ин зан ятем бошаду Тифл ки никоҳ вай нишоед то болиғ нашавад ҷумлаи ин занонро никоҳи ботил буд . Инаст шароиту дурустии никоҳ .