Дар гузордан ҳақи суҳбат бо халқ ва нигоҳдоштан ҳақи хешованду ҳамсояу бандау ҳақи даравишону бародарони худоӣ
Бидон ки дунё манзилӣаст аз манозили роҳи худои таъолӣу ҳамгинон дар ин манзил мусофиранд . Ва қофилаи мусофирон чун мақсади сафари эшон яке бошад , ҷумла чун яке бошад . Бояд ки миёни эшон улфату иттиҳод ва муовинат бошаду ҳақи якдигар нигоҳ доранд . Ва мо шарҳи суҳбат бо халқ дар се боб ёд кунем :
Боби аввал дар ҳуқуқи дӯстону бародарони худоӣ
Боби дувум дар ҳуқуқи дӯстон
Боби сеюм дар ҳуқуқи мусулмонону хуишону бандагону ғайри он .