Бидон ки дӯстӣ ки иттифоқ уфтад бо касе ки бо вай дар дабиристон ё дар сафар ё дар мадриса ё дар маҳалат бӯда бошад ва бидон сабаби улфатӣ афтода бошад , аз ин ҷумла набӯд . Ва ҳаркиро барои он дӯсти дорӣ ки сӯратӣ некӯ дорад ё дар сухани гуфтани ширин буд ва бар дили сабк буд , ҳам аз ин набӯд . Ва ҳаркиро барои он дӯсти дорӣ ки туро аз ӯ ҷоҳӣу ҳишматӣ буд ё молии ғаразии днёўӣ , аз ин ҷумла набӯд ки ин ҳамаи сӯрати бандад аз касе ки ба худои таъолӣ ва ба охират имон надорад . Ва дӯстии худои он буд ки беӣмонӣ сӯрат набандад ва ин бар ду дарҷат буд :

Дараҷаи аввал

Он буд ки касро дӯсти дорӣ барои ғаразӣ ки дар ваии баста буд , валикини он ғарази динӣ буд ва барои худои таъолӣ буд , чунон ки устодро дӯсти дорӣ ки туро илм омӯзад ин дӯстии худоӣ буд , чун мақсӯди ту аз илми охират буд на ҷоҳу мол агар мақсӯди дунё буд , ин дӯстӣ аз ин ҷумла набӯд ва агар шогирдро дӯсти дорӣ то аз ту илм омӯзад ва туро хушнӯдии худои таъолӣ ба тааллум ҳосил ояд , ин барои худои таъолӣ буд ва агар барои ҳишмати дӯсти дорӣ аз ин ҷумла набӯд ва агар касе садақа диҳад ва касеро дӯст дорад ки он ба шарт ба даравишон бирасонад ё даравишонро меҳмон кунад ва касеро дӯст дорад ки табхҳои некӯи пазад , ин дӯстии худоӣ буд , балки агар касеро дӯст дорад ки вайро нон ва ҷома диҳад ва фориғ медорад то вай ба ибодати пардозад , ин дӯстии худоӣ буд , чун мақсӯди ваии фироқ ибодатаст ва бисёре уламоу ибод бо тавонгарон дӯстӣ доштаанд барои ин ғаразу ҳарду аз дӯстони худоӣ таъолӣ бӯдаанд , балки агар касе зани хешро дӯст дорад барои он ки вайро аз фасод нигоҳ дорад ва ба сабаб омадани фарзандӣ ки варои дуоӣ некӯ кунад , ин дӯстӣ барои худои таъолӣ буд ва ҳар нафақа ки бар вай кунад чун садақа буд балки агар шогирдро дӯст дорад ба ду сабаб , яке ин ки хизмат ӯ мекунаду дигари он ки вайро фироқ медорад то ба ибодати пардозад , ин қадар ки барои ибодатаст аз ҷумлаи дӯстии худои таъолӣ буд , ва бар ин савоб буд .

Дараҷаи дувум

Ва ин бузургтараст , он буд ки касеро дӯст дорад ллаҳ бе он ки варои ҳеҷ ғараз аз вай ҳосил ояд . На аз вай таълим кунад ва на тааллум ва на фоидаи фароғати динӣ аз вай ҳосил ояд , валикин бидон сабаб ки ваии мутӣъ худоӣасту муҳиб худоӣаст ъзўҷли варо дӯст дорад , балки ба сабаби он ки банда худоӣасту офарӣда худоӣаст ъзўҷл , ин дӯстии худоӣ буд . Ва ин азимтар буд ки ин аз муҳаббати худои таъолии хезад ки ба ифрот буд , чунон ки ба ҳад ишқ расад чунон ки агар касе бар касе ошиқ шавад кӯйу маҳалати вай дӯст дораду девори сарои вайро дӯст дорад , балки сегӣ ки дар кӯии вай буд онро аз сегон дигари дӯст тар дорад , ночораи худ муҳиби маъшӯқи хешу маҳбӯби маъшӯқи хешро ва касеро ки фармонбардори маъшӯқ буд ё чокару банда вай бӯда ё хешованди вай буд , ин ҳамаро ба зарурат дӯст дорад , ки ҳарчӣ бо вай нисбатӣ гирифт дӯстӣ бидон сироят кунад ва ҳарчанд ишқи азимтар буд сирояти он буд ба дигарон ки табаъи маъшӯқ буд ва ба вай таъаллуқ дорад бештар буд .

Пас ҳаркии дӯстии худои таъолӣ бар вай ғолиб шавад то ба ҳад ишқ расад ҳамаи бандагони вай дӯст дорад , хоссаи дӯстони вайроу ҳамаи офарӣдаҳоро дӯст дорад ки ҳарчӣ дар вуҷӯдаст , ҳамаи асари қудрату сунъи маҳбӯб вайасту ошиқи хати маъшӯқроу васфи вайро дӯст дорад . Ва расӯл ( с ) чун нўбоўаҳ эй ба ваии бурдандӣ , вайро гиромӣ доштӣ ва ба чашми Фрўмолидӣ ва гуфтӣ , « қариб аҳдаст ба худованди таъолӣ » .

Ва дӯстии худованди таъолӣ низ бар ду қисмаст . Баъзе барои неъмати дунёу охират буд ва баъзе барои худои таъолӣ буду бас ки ҳеҷ чиз дар миён набӯд . Ин тамомтар буд . Ва шарҳи ин дар асли муҳаббати бигӯем дар рукни чаҳорум аз китоб .

Ва дар ҷумлаи қӯти муҳаббати худои таъолӣ бар қадари қӯти имон буд ва ҳарчанд имони қавӣтар буд , муҳаббати қавитар буду онгоҳ ба дӯстони худоӣу писандидагони вай сироят кунад . Ва агар дӯстии ҷуз ба фоида холӣ набӯдӣ , дӯстии мурдагон аз анбёءу авлиёу уламои сӯрати нбстӣ . Ва дӯстии ҳама дар дили муъмин ҳосиласт , пас ҳаркии донишмандонроу суфиёнроу порсоёнроу хидматкоронроу дӯстони эшонро дӯст дорад , барои худоӣ таъолӣ дошта бошад . Валикини миқдори дӯстӣ ба фидо кардани ҷоҳу мол падед ояд . Кас буд ки имону дӯстии ваии чунон қавӣ буд ки ҳамаи мол ба якбор бидиҳад , чун Абубакри садиқу кас буд ки чунон буд ки як нима бидиҳад , чун умру кас буд ки андакӣ беш натавонад доду дили ҳеҷ муъмин аз асли ин дӯстӣ холӣ набошад , агарчӣ заъиф буд .